боло — I [بالا] 1. қисми баланди ҳар чиз, забар, фавқ; муқоб. поён, зер: ҳуҷраи болои дарвоза, иморати болои арк 2. рӯй; рӯи чизе; муқоб. таг (таҳ): болои дастархон, болои кат (хобидан), болои миз, болои майсаву сабза 3. сар, тор, фарқи сари чизе: болои … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ганҷина — [گنجينه] 1. ҷои ганҷдиҳӣ, ҷои нигаҳдошти нуқраву тилло ва ҷавоҳироти дигар, махзан, хазина, дафина 2. маҷ. кони чизҳои қиматбаҳо; боигарӣ, сарват; дари ганҷинаи чизеро кушодан ганҷи бисёр ба даст овардан; ба истифода расонидан ё дастрас намудани… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пешгаҳ — [پيش که] ниг. пешгоҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пешравоқ — [پيش رواق] пешайвони пешгоҳаш меҳробшакл; пештоқ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
садр — [صدر] а 1. сина 2. аввал, оғоз, авали чизе 3. нишастагоҳи боло, пешгоҳ 4. маҷ. миёна; марказ 5. болонишин, раис, сардор, пешво; вазир; сарвазир 6. таър. олитарин унвони илмӣ дар Бухорои асрҳои охир, ки пас аз ӯроқ ва судур меояд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
садрнишин — [صدرنشين] болонишин, пешгоҳнишин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сарнишин — [سرنشين] 1. болонишин, пешгоҳнишин 2. он ки савори киштӣ, қатора, мошин ё ҳавопаймо аст: сарнишини киштӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тахмон — [تخمان] тоқҳои калону сербари девори пешгоҳи хона, ки дар он ҷо сандуқ ва дар болои он кӯрпаҳо гузошта мешаванд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шаҳнишин — [شه نشين] 1. таър. ҷои нишасти подшоҳон 2. ҷои аз фарши хона андак баланд дар пешгоҳ барои меҳмонони баландқадр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ